- ранг
- I[رنگ]1. намуди зоҳирии ҳар чиз, ки ба чашми бинанда сафед, сурх, сабз ва ғ. менамояд2. моддаҳои рангини маъданӣ, химиявӣ ва наботӣ, ки бо равған омехта барои тобиши дигар додан ба чизҳо мемоланд3. сиёҳӣ барои навиштан4. шакл, намуд; ранги дигарро гирифтани хона намуди дигарро гирифтани хона5. тарз, равиш; ранг ба ранг гуна-гуна, ба ҳар ранг, ба рангҳои гуногун, ҳар хел; ба ранги… мисли…, монанди…; дигар ранг дигар хел, ба тарзу шакли дигар; як ранг як тарз, як навъ, ба навъе; рангу бӯ тароват, обу тоб; ранг-ранг гуногунранг, гуногун, ҳар хел, навъ ба навъ; рангу рӯ ранг, вазъ, авзоъ; ранг дигаргун шудан тағйир ёфтан (намуди зоҳирӣ); ранги дигар гирифтан ба шакли дигар даромадан, тағйир ёфтан; ранг кандан дигар шудани ранги рӯи кас дар натиҷаи заъфи беморӣ, тарс ё хабари ногувори ногаҳонӣ; ранг кардан рӯи чизеро бо ранге пӯшондан, ранг задан, матоъ ё ресмонро ба воситаи моддаҳои табиӣ ё химиявӣ ба лавни дигар даровардан; ранг надоштан бе обу тоб будан, равнақ надоштан; ранг овардан ранги нав пайдо кардан; ранг (аз рӯ) паридан ниг. ранг кандан; ранг бину ҳол пурс (зарб.)◊ ранг зард кардан эҳтиёҷманд шудан, мӯҳтоҷӣ кашиданII[رنگ]зоол., кит. бузи кӯҳӣ
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.